ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Кӯчаи Садриддин Айнӣ ба яке аз мавзеъҳои зеботарини Душанбе табдил меёбад

Август 20, 2019 09:52

ДУШАНБЕ, 19.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе иншооти нав, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мешаванд.

Аз ҷумла, дар ин давра Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ, ки дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст, аз буриши кӯчаи «Дӯстии  халқҳо» то майдони Ғалаба амалӣ мешавад.

  Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50  бинои  дар ин мавзеъ сохташаванда  19 бинои баландошёнаи  он  дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.

Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12 ошёна буда, дар онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои  бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ  ва   шабакаи  обу корез ба нақша гирифта  шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамин кӯча биноҳои нави маъмурии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.

Дар ҷои  пештараи маркази савдои  «Олами китоб» -и ноҳияи Шоҳмансур марказҳои   замонавии  иборат аз 18 то 20-қабата бунёд мегарданд, ки сохтмони  онҳоро ҶДММ  «Шаҳри зебои мо» ба уҳда дорад. Дар қабатҳои 1-2-юми  ин биноҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дар  қабатҳои болоии он  ҳуҷраҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд.

«Ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-стройсервис» бинои бисёрҷабҳаи серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бунёд менамояд»,- иттилоъ дод манбаъ.

Айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд,  анҷом ёфтааст.

Хотиррасон менамоем, ки  5 июл   Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи «Дӯстии  халқҳо» то майдони Ғалаба шинос гардид.

Раиси шаҳр амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинони пойтахт муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки сохтмони иншоот дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида  шавад.

Рустами Эмомалӣ ба масъулин инчунин ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии атроф, инчунин ба инобат гирифтани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили хатҳои обу корез, барқу гармидиҳӣ, низоми муосири партовпартоӣ, воситаҳои хизматрасонии дохили биноҳо супоришҳои мушаххас  дод.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 20, 2019 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд