Бренди миллии сайёҳӣ — муаррифи захираву имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Август 26, 2019 15:51

ДУШАНБЕ, 26.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии мавзеъҳои махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон» дар дараи Ҳакимии шаҳри Турсунзода дар мавзӯи «Ташкили бренди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Семинари мазкур дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гашта, дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, Маркази гуногунии биологӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва сокинони фаъоли минтақа ширкат доштанд.

Дар кори семинар зикр гардид, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз (World Economic Forum), индекси кишварҳои амниятӣ (Institute of Economy and Peace), Шўрои ҷаҳонии саёҳат ва сафар (World Tourism and Travel Council) дар ҷои намоён қарор дошта, ташкилоти маркетингӣ (Destination Marketing Organization) ҷиҳати муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон фаъолияти фарогир дорад.

Ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ -маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар самти тақвияти иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи он, ташаккули сиёсати бренди миллии сайёҳӣ ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳо ва иншооти сайёҳӣ, муаррифии бренди миллӣ бо истифода аз воситаҳои иртиботи маркетингӣ, аз ҷумла тарғибу ташвиқӣ (минбаъд PR) – реклама, маводи таблиғотии аудиовизуалӣ ва чопӣ, ташкили тарғибу ташвиқи бренди сайёҳӣ бо истифода аз воситаҳои пахш, шабакаи ҷаҳонии интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муаррифии он дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ низ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Истифода намудани таҷрибаи пешқадами тахассусии маркетингӣ ҳангоми таҳияи бренд ниҳоят муҳим мебошад.

Аз сӯи дигар, бренди хуби миллӣ маълумотро дар шакли кўтоҳ ва ҷолиби диққат фаро мегирад.

Дар ибтидо бренди сайёҳии Тоҷикистонро тавассути амалигардонии чорабиниҳо атрофи таҳияи бренд бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва хориҷиён муайян намудан мумкин аст. Ба бренд метавон бо мурури вақт маълумоти нави иловагӣ аз сайёҳони воқеӣ ва эҳтимолӣ дохил намуд, ки ин ба андешаронии дуруст оид ба муаррифӣ намудани мамлакат мусоидат менамояд. Унсурҳои таркибии бренд, хусусият ва услуби тарғиби онро муайян менамоянд.

Ба бренд чунин симо ва сабк додан зарур аст, ки дар қалби сайёҳони эҳтимолӣ ҷой гирад. Барои ин кумаки касбии мутахассисони маркетинг зарур мебошад.

Сабади маҳсулоти сайёҳӣ дар зери бренд ҷой мегирад. Дар ҳолате, ки бренд аз рўи моҳияти худ даъвати эҳсосотиро ифода менамояд, сабади маҳсулоти сайёҳӣ фаъолияти амалӣ ба ҳисоб меравад. Ин ифодаи мухтасари он аст, ки чӣ хел сайёҳони эҳтимолӣ метавонанд дар мамлакат фароғат намоянд, бо чӣ кор машғул шуда, чиро дида метавонанд.

Дарвоқеъ, барои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон зарур аст, ки ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи асосӣ дода шавад.

Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар интихоби «корти муаррифкунанда»-и сайёҳӣ аз таҷрибаҳои Анталияи Туркия ва дигар таҷрибаҳои байналмилалӣ бо дарназардошти бозоргир кардани чунин маҳсулоти сайёҳӣ бояд васеъ истифода бурда шавад.

Дар робита ба ин шаҳрҳои Норак ва Панҷакент, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон метавонанд ба сифати «корти муаррификунанда»-и Тоҷикистон интихоб карда шаванд. Инчунин ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ ва шикор мамнуъгоҳи навташкили «Хуталон» дар ноҳияи Данғара ва рушди сайёҳии саноатӣ дар заминаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» пешниҳод карда мешавад.

Агар самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дуруст интихоб карда шавад, рушди сайёҳӣ метавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад. Самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кўҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд. Барои рушди навъҳои қайдгардидаи сайёҳӣ захираҳои бузурги он дар ҷумҳурӣ имконият медиҳанд. Қуллаҳои баланд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 м. аз сатҳи баҳр ва манзараҳои кўҳистоне, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд.

Яъне, аз нуқтаи назари иқтисодӣ бо пешниҳод кардани чунин маҷмўи хизматрасонӣ, бозори сайёҳии Тоҷикистон метавонад ба сайёҳон маҳсулоти сайёҳиеро пешниҳод намояд, ки дар он рақобат вуҷуд надорад. Танҳо зарур аст, ки ин хизматрасонӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас ба сайёҳон пешниҳод карда шавад.

Дар семинар, ки ду рӯз идома кард, миёни иштирокчиён атрофи мавзӯъҳои матраҳгашта табодули андеша сурат гирифт.

Зикр шуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамасола бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ конфронсу семинарҳои омӯзиширо ҷиҳати беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор менамояд.

Чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум ҷиҳати оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда ва дар ин замина тараққӣ додани сайёҳии дохилию байналмилалӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Август 26, 2019 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад