Дар Душанбе пуриқтидортарин корхонаи истеҳсоли шифер барқарор мешавад

Август 30, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 30.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Октябри соли 2019 марҳилаи якуми пуриқтидортарин корхонаи истеҳсоли шифер дар шаҳри Душанбе бо иқтидори 400,0 ҳазор дона шифер мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора сармутахассиси раёсати масолеҳи сохтмонии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобил Ташрифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба маълумоти номбурда, ҶДММ «Сомоншифер» бо сармоягузории ширкати «Кусто Групп»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба навсозии таҷҳизоти технологии ин корхона бо маблағгузории 300 ҳазор доллари ИМА оғоз намуд. Моҳи сентябр дар корхонаи мазкур корҳои озмоишӣ оғоз мегарданд.

Тавре Қобил Ташрифов иброз намуд: «Дар марҳилаи аввал 100 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин хоҳанд гашт. Намояндагони ширкати «Кусто Групп» ният доранд, ки технологияи нави истеҳсолиро аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус ворид намоянд. Каммасрафӣ ва муосир будани технология аз талаботи асосӣ ба ҳисоб меравад».

Мавриди зикр аст, ки ин корхона дар гузашта яке аз корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли шифер ба ҳисоб рафта, бо сабабҳои рақобатпазир набудани маҳсулоташ аз соли 2010 инҷониб фаъолият намекард.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ панҷ корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият мекунад, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд (2-то) ва ноҳияи Ёвон ҷойгиранд.

Август 30, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд