Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон дастовард ва неъмати бебаҳо буда, моҳияти таърихии он заминаи рушду нумӯи илму маърифат, фарҳанг, иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин нукта зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот баён гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш, ки таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» доир гардид, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода, роҳбарият ва кормандони ПИТФИ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (СИЭМТ), Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон (МД АМСБРСК-ХКТ), КВД таъминот ва савдои «Китоб», муассисаҳои нашриявии «Адиб» ва «Ирфон» иштирок намуданд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода иброз намуд, ки “бо шарофати сиёсати сулҳоваронаву одилона ва ваҳдатофари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки истиқлолияти давлатамонро таҳким бахшида, ба дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи фарҳанг ноил гардем”.
Дар ҳамоиш ба масъалаҳои нақши фарҳанг дар таҳкими соҳибистиқлолии мамлакат, баланд гардидани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, баргузории барномаҳои мухталифи фарҳангӣ ва рӯзҳои фарҳанги мамлакат дар мамолики хориҷӣ, эҳёи суннатҳои мардумӣ, бунёди иншооти азими фарҳангию фароғатӣ ва таъсиси муассисаҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки олимони Пажӯҳишгоҳи мазкур лоиҳаи тадқиқотиро дар мавзӯи «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» таҳия кардаанд, ки он аз ҷониби коршиносон баҳои мусбат гирифтааст. Бо тасдиқ ва раванди татбиқи лоиҳаи мазкур вижагиҳои рушд ва соҳаҳои фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ пурра мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамоиш оид ба «Рушди матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ» директори КВД таъминот ва савдои «Китоб» Сироҷиддин Икромӣ сухан гуфта, рушди бесобиқаи матбуот ва табъу нашрро бо далелҳои эътимодбахш ба даврони соҳибистиқлолии мамлакат мансуб донист. Дар ин замина таъкид гардид, ки маҳз дар замони истиқлол бо дастгирию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои матбуот ва табъу нашр рӯ ба рушд ниҳоданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш намоиши китобҳои тозанашр бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






