Дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии «Ҷилваи рангҳо» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 30.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳи сентябри соли равон дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии «Ҷилваи рангҳо» доир карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад.
Фестивали вилоятии «Ҷилваи рангҳо» дар ду давр доир шуда, даври аввали он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят баргузор мегардад.
Ғолибони даври вилоятӣ аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон», «Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ», «Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон», «Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон», «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси фароғатӣ» ва «Беҳтарин либос барои хона ва корхона» муайян ва бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо мекунанд.








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






