ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАҲОНИШАВӢ. Имрӯз барои мо вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими мустақилияти Тоҷикистон нест
ДУШАНБЕ, 30.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ – раванди беш аз пеш таъсиррасонии омилҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ба воқеияти иҷтимоии кишварҳои алоҳида аст. Имрӯз ин падида қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайраро дарбар мегирад.
Мақоми Тоҷикистон дар ин раванд бояд чӣ гуна бощшад? Дар ин бора мулоҳизаҳои муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Зубайдулло ДАВЛАТОВро пешниҳоди хонандагон менамоем.
Дар замони ҷаҳонишавӣ давлатҳои абарқудрат ба шакли нави империяҳои мустамликадор табдил ёфтаанду усули нави тобеъ намудани давлатҳои рӯ ба инкишоф–уҳдадориҳои иқтисодӣ ва вобастагии молиявиро васеъ истифода мебаранд. Ба ин империяҳо сарҳад лозим нест, дар асри бисту як марзбандӣ барои абарқудратҳо аҳамияти калоне надорад ва масъалаи дараҷаи дуюму сеюм ба хисоб меравад. Империяҳои нав бо зӯри силоҳ ташкил намеёбанд, иқтидори ҳарбӣ барои онхо ҳосили иқтидори молиявист. Ҳамгироии фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ҳушдор медиҳад, ки ба равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ дуруст баҳо диҳем, табиати вайронкоронаи онро омӯзем, то амнияти иқтисодии Ватанамонро таъмин карда тавонем. Буҳрони давом кардаистодаи иқтисодӣ, ки ба Тоҷикистон ҳам таъсири манфии худро расонид, далели номукаммалии низоми иқтисодии мавҷудаи ҷахон аст.
Абарқудратҳои ҷаҳонӣ, ширкатҳои бузурги байналмилалӣ зери шиорҳои «демократикунонӣ» ва пешрафти иқтисодӣ худашон роҳи бунёди давлатҳои демократию пешрафти иқтисодии миллатҳоро худсарона муайян менамоянд. Пешрафти иқтисодӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои демократиро ваъда медиҳанд. Дар зери ниқоби ин дастгириҳо манфиатҳои миллию давлатии навмустамликадорон ниҳон аст. Моҳиятан, ин тарзи нави мустамликадорист. Давлатҳои пешрафта, ки захираҳои табиии зиёде надоранд, давлатҳои рӯ ба инкишофро истисмор менамоянд. Давлатҳое, ки барои тақсимоти нави ҷаҳон мавқеи муҳими стратегӣ ва ҷуғрофӣ доранд, соҳиби захираҳои табиии зиёд ҳастанд, ба ин гуна «дастгириҳои» абарқудратҳо гирифтор мегарданд. Чунин тарзи ҷаҳондорӣ, пеш аз ҳама, ба сарони фасодкори давлатҳои рӯ ба инкишоф, ки аз ҳарисӣ ба барандагони манфиатҳои иқтисодии корпоратсияҳои иқтисодии хориҷӣ табдил ёфта, ба ишкели қарздорӣ гирифтор мешаванд, такя мекунад. Дар натиҷа мавқеи бе ин ҳам мушкили давлатҳои рӯ ба инкишоф мушкилтар шуда, шаҳрвандони онҳо қашшоқтару нодортар мегарданд.
Хароҷоти абарқудратҳо барои расидан ба мақсадҳою манфиатҳои худ ҳақиқатан собиқа надоранд, дар сурате, ки дар олам дар як рӯз 24000 одам аз гуруснагӣ мемиранд. Барои мисол нисфи маблағе, ки ИМА дар ҷанг дар Ироқ сарф намуд (87 миллиард доллар) басанда буд, то тамоми аҳолии ҷаҳон бо оби тоза, хӯрок ва хизматрасонии тиббӣ таъмин гарданд. Натиҷаи чунин амали абақудратҳо боиси бесуботии вазъи ҷаҳон гашта, ба пайдоиши терроризм мусоидат менамояд.
Давлатҳои тараққикарда исбот карданӣ мешаванд, ки модели пешниҳоднамудаи онҳо давлатҳои ҷаҳони сеюмро ба пешрафти иқтисодӣ мерасонад. Дар асл арзишҳои ғарбӣ универсалӣ нестанд ва таҷриба нишон медиҳад, ки давлатҳои ин гуна модели пешрафти иқтисодиро «интихоб» намуда, аксаран муваффақ намешаванд. Намунаҳои кишварҳои зиёд нишон медиҳад, ки ба давлатҳои дигар бор кардани консепсияи рушди иқтисодӣ боиси сарватманд шудани қисми ночизи аҳолӣ гардида, аксари аҳолӣ камбағал мешаванд.
Дарки мушкилоти ҳамгироии давлатҳои пешрафта ва давлатҳои ҷаҳони сеюм ибтидои роҳ ба сӯйи ислоҳи вазъ мебошад. Ҷиҳатҳои манфии ҷаҳонишавиро ҳаматарафа омӯхта, барои кам кардани таъсири он тадбирҳои мушаххас бояд андешид. Вазъи ба амаломада зарурати дар амал ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳониро тақозо дорад. Дарк бояд намуд, ки агар пешрафти ҷомеаи инсонӣ танҳо бо роҳи боло гирифтани омилҳои иқтисодӣ пешрафт намояд, дар зиндагӣ моддиёт бартарӣ меёбад, молу чиз, пул, истеҳсолу истеъмол дар назари одамон аҳамияти мутлақ пайдо мекунанд ва дар ин сурат, пояи маънавиёти ҷомеа суст мегардад. Охир зиндагӣ кардан танҳо барои хӯрдан нест, балки хӯрдан барои зиндагӣ кардан аст. Вазифаи давлат аст, ки омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро ба ҳам созгор намуда, инкишофи мутаносиби онҳоро таъмин намояд. Мувозинати арзишҳои иқтисодӣ ва маънавӣ самти дурусти рушди миллатҳо ва давлатҳост.
Имрӯз, ки Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон ҳарчи бештар ҳамгироиҳои бисёрҷанбаро ба роҳ мондааст, ба раванди ҳамгироӣ коршиносон ва олимони соҳаи иқтисод бо назари таҳқиқкоронаи танқидӣ бингаранд, пажӯҳишҳо анҷом диҳанд, то ҳар қадами Тоҷикистони азизи мо дар арсаи дохилию байналмилалӣ санҷидашудаю огоҳона бошад.
Бо дарки ягонагии олам ва фаҳми талошҳои якҷояи давлатҳо дар мубориза ба муқобили таҳдиду хатарҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, экологӣ, муносибатҳои давлатҳо низ бояд муштарак ва ҳамгироёна ба роҳ монда шавад. Дар шароити ҷахонишавӣ мушкилот дар як давлат, бахусус абарқудратҳо, ба тамоми давлатҳои дигар таъсири манфии худро мерасонад. Ин ҳамбастагӣ ҳангоми буҳрони ҷаҳонии молиявӣ баръало эҳсос шуда буд.
Мо дар замони имкониятҳои номаҳдуд ва буҳронҳои шадиди иқтисодӣ ҳаёт ба сар мебарем. Олимон дар раванди омӯзиши ҷаҳонишавӣ ба хулосае омаданд, ки аз ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, нухбагони сиёсат ва тиҷорати байналмилалӣ фоида мебинанд. Агар бурду бохти ҷаҳонишавиро дар миқёси ҷаҳон мушаххас намоем, маълум мешавад, ки ҳамагӣ 20 дарсади аҳолии ҷаҳон нафъ мебинаду ба 80 дарсади боқимонда зарар мерасад. Аз ҷиҳати тараққиёти саноату технология ҷаҳонишавӣ пешомади калон хоҳад дошт, зеро он боиси рушду пешрафти инноватсионӣ мегардад, аммо пайомади иҷтимоию маънавии ҷаҳонишавӣ ташвишовар аст.
Солҳои охир мафҳуми ҷаҳонишавӣ дар таомули муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам ишғол карда, аз тарафи хабарнигорон, иқтисоддонон, сиёсатмадорон, муҳофизони ҳуқуқ, ки бо проблемаҳои байналмилалӣ сарукор доранд, зуд-зуд истифода мешавад. Ҷаҳон торафт тангтар мешавад, дар он сарфи назар аз фарқҳои байни мамлакатҳо, қитъаҳо ва миллатҳо беш аз пеш ҷиҳатҳои умумӣ пайдо мегарданд. Фосилаи байни одамон дар тамоми ҷаҳон торафт камтар мешавад ва акнун фосилаҳои калонро ба зудӣ убур карда, мубодилаи иттилоот намудан мумкин аст.
Давлатҳо тӯли таърих тадриҷан ба ҳам наздик мешуданд. Ҳанӯз дар асри ХIХ муҳаққиқон дар бораи фазои ягонаи ҷаҳонӣ навишта буданд. Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ҷаҳон дар натиҷаи вусъати тиҷорат ва маблағгузориҳо дар миқёси глобалӣ ба туфайли телефон ва дигар васоити алоқа ба марҳалаи наздикшавии байниҳамдигарӣ ворид гардид. Дастовардҳои фановарии солҳои 70-уми асри ХХ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия ба рушди ҷаҳонишавӣ такони наве доданд. Алҳол тавассути телефон, кабелҳои оптикӣ ё сигналҳои радио ҳаҷми басо калони иттилоотро амалан дар як лаҳза ва фаврӣ ба ҳар як нуқтаи кураи Замин интиқол додан мумкин аст, ки ба таври инқилобӣ ба болоравии иқтисодиёт кумак мерасонанд. Бинобар ин, ҷаҳонишавӣ дар худ дар як вақт бисёр равандҳои ҷараёндошта, аз ҷумла байналмилаликунонии сармоя, тиҷорати байналмилалӣ, рушди ниҳодҳои пуриқтидори байналмилалӣ (чун СММ, Шӯрои Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо) ва технологияҳои нави алоқаро фаро мегирад. Аз нигоҳи пешрафти техникӣ ҷаҳонишавӣ як навъ марҳалаи сифатан нави рушди тамаддуни ҳозира мебошад ва хислати ниҳонӣ дорад, зеро мутамарказонии захираҳои зехнӣ ва технологияҳои инноватсионӣ танҳо дар якчанд мамлакат–пешоҳангони раванди ҷаҳонишавӣ ба амал меояд. Раванди ҷаҳонишавӣ боиси ба ҳам омадани иқтисодиёти миллӣ, интернатсионалишавии молия, пурзӯршавии ширкатҳои фаромиллӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мегардад.
Инсоният имрӯз дар пешрӯйи як қатор мушкилоти ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Инҳо проблемаҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии ифротгароӣ ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, ҷинояткории фаромиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, танзими мушкилоти демографии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин равандҳои мусбату манфӣ дар канор буда наметавонад ва ин равандҳо ба иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёти мамлакатамон таъсири худро мерасонанд. Дар чунин шароит ба амал баровардани саноатикунонии босуръати мамлакат кори саҳл нест.
Бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ аз тазоду мушкилот ва бурду бохт орӣ набуд. Гузариш аз давлати шӯравии сотсиалистӣ ба давлати соҳибистиқлол, ки низоми нави иқтисодӣ, шикасти тафаккури қолабиро тақозо дошт, шурӯъ гардид. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар шароити канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ мушкилоти зиёде пеш овард. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, ҳанӯз соли 1994 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа доир ба таъмини ислоҳоти иқтисодӣ ва тезонидани суръати гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ» ба имзо расид. Баъдан «Барномаи комплексии дигаргунсозиҳои иқтисодӣ барои солҳои 1995–2000» қабул шуд. Ин ҳуҷҷатҳо асосҳои қонуние буданд, ки бо такя ба онҳо дар мамлакат дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ ба амал омаданд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз ибтидои кор аст. Аз ҳама мушкил таҳкимбахшӣ ва аз хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин нигоҳ доштани истиқлолият мебошад. Таҳдидҳое, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, қочоқи яроқу аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ба воситаи интернет ва дигар воситаҳои ахбори омма воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа барои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хатарзо мебошанд. Аз хатарҳои дохилӣ ячейкаҳои хуфтаи ДОИШ, ТТЭ ҲНИ, Ҳаракати Салафия, Ваҳҳобия, Ансоруллоҳ, Ҳизб-ут-таҳрир, Ихвон-ул- муслимин, маҳалгароӣ ва коррупсия низ барои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидовар ба шумор мераванд.
Имрӯз истилоҳи «Twitter-Revolution» дар ИМА дар матбуот серистеъмол аст, ки аз қувват гирифтани ҷанбаи идеологии ҷаҳонишавӣ дарак медиҳад. Мақсад аз ин истилоҳ таъсири давлатҳои бузургу тавоно ба хотири таҳмили тағйироти ба худашон маъқулу матлуб ба ҷомеаи ҷаҳонист. Ин як навъ таъсири геополитикӣ барои паҳн кардани иғво ва ба бетартибию гирдиҳамоиҳо сафарбар кардани мардум буда, бахусус ҷавонон аз технологияҳои инноватсионии иттилоотӣ истифода мебаранд. «Твитер», «Фейсбук», «Ютуб»- ин сегонаест, ки дар миқёси тамоми ҷаҳон амал мекунанд.