Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид: «Барои пешгирии ҳолатҳои ҳаннотӣ ротатсияи мунтазами кормандони бонк амалӣ гардад»

Август 22, 2019 09:32

ДУШАНБЕ, 22.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Зимни ҷаласаи корӣ бо мақсади таҳлили вазъи бозори дохилии асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мавсуф ба масъулини ташкилотҳои қарзӣ барои пурзӯр намудани назорат ва ба таври доимӣ амалӣ намудани ротатсияи кормандони хазинаҳои ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳаннотӣ дастур дод.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа бо иштироки ташкилотҳои қарзии мамлакат доир гардид.

Зикр шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати пулию асъорӣ дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид таваҷҷуҳи  иштирокдоронро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 дода буданд, ҷалб намуд.

Давлаталӣ Саид гуфт, ки масъалаи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, танзими бозори дохилии асъор, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, пешгирӣ намудани монеаҳои сунъӣ дар бозори дохилии асъори хориҷӣ мавзӯи муҳими ҷаласа қарор гирифта, он дар беҳтар намудани фазои молиявии мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ таъсири худро мерасонад.

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба омилҳои асосии тағйирёбии қурб ва зарурати анҷом додани тасҳеҳи қурбӣ, маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ дар амалиёти асъорӣ ва таъмини шаффофияти онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ сухан карда, ташкилотҳои қарзиро барои таъмини талаботи соҳибкорон бо асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бинобар сари вақт таъмин шудани онҳо бо асъори хориҷӣ аз ҷониби БМТ ва эҷод накардани маҳдудият дар фурӯши асъори хориҷӣ ва аз байн бурдани омилҳои сунъӣ даъват намуд.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2-фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА татбиқ қарда шуд, ки сабаби бештар гардидани воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии мамлакат, шаффофияти амалиёт бо мизоҷон гардида, фаъолияти ҳаннотонро дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд месозад.

Инчунин намояндагони ташкилотҳои қарзӣ пешниҳодҳои худро доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар татбиқи сиёсати асъорӣ манзур намуда,  вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида  мулоҳизоти худро баён доштанд.

Ҷамолиддин Нуралиев барои бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар бозори дохилии асъори хориҷӣ, сари вақт бо асъори нақди хориҷӣ таъмин намудани воҳидҳои сохтории худ бо мақсади анҷом додани амалиёти асъорӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахсони ҳуқуқӣ бо асъори хориҷӣ ва дигар масъалаҳои пурзӯр намудани назорат дар низоми бонкӣ сухан гуфт.

Август 22, 2019 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид