Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат шинос шуданд

Август 2, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дар марҳилаи анҷомёбист, шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳи мазкур ду километр буда, паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои таъмирӣ дар ин масир бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамсулло Саъдуллоев ба сомон расонида шудаанд. Анҷоми корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» бар уҳда дошта, талаботи стандарти роҳсозӣ пурра ба инобат гирифта шудааст.

Сафарбарнамоии техникаву механизми ҳозиразамони мумфаршкунӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва риояи пурраи талаботи роҳсозӣ дар сари вақт ва сифатнок ба сомон расидани корҳо замина гузоштааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз оғози корҳои таъмирӣ то имрӯз дар ин иншоот барои тахту ҳамворкунӣ, хобонидани сангу шағал, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ беш аз 20 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар намудаанд. Ҳаҷми умумии асфалти истифодашуда дар роҳи мазкур ба 1900 тонна баробар гардидааст.

Роҳи навтаъмир маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳрободи деҳоти Бозорбой Бурунов мепайвандад. Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, ин роҳ қаблан хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида буд. Аз ин рӯ аҳолӣ, хосса ронандаҳо дар вақти рафту омад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд. Ҳоло бо таъмири пурра гардидани роҳи мазкур мушкили чандинсолаи аҳолии деҳаҳои ҳамшафат ва дигар мусофирону ронандагон аз байн рафт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмирӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми чунин кори савоб ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр ба соҳибкори ватандӯст Шамсулло Саъдуллоев миннатдорӣ изҳор доштанд. Ҳамчунин Сарвари давлат ҷиҳати минбаъд низ иҷро намудани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Роҳи мошингарди деҳаи Меҳробод аз ду самт бо хати ҳаракат таъмин буда, пурра аломатгузорӣ шудааст. Таъмири ин роҳи мошингард идомаи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба шумор рафта, он дар дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон заминаи устувор хоҳад гузошт.

Шиносоӣ бо ҷараёни асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат 02.08.2019

Август 2, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд