Саъдӣ Каримзода: «Ҳадафи Лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» беҳдошти сатҳи зиндагии хонаводаҳост»

Август 2, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 02.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Муассисаи  давлатии Маркази  идораи  Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» лоиҳаи нави «Дастгирии  кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа»-ро роҳандозӣ намуд, ки ҳадафаш   мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии  хонаводаҳо дар минтақаҳои ҷанубу шарқ ва шимоли Тоҷикистон- шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Деваштич, Шаҳристон,  Рашт ва Тоҷикобод мебошад.

Директори Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  Саъдӣ Каримзода 2 август  дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки  лоиҳаи мазкур  дар заминаи лоиҳаи  беҳсозии  сатҳи зиндагӣ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида,  татбиқи он то соли 2024 идома ёфта, маблағи умумии лоиҳа 39 миллион долларро ташкил медиҳад.

Саъдӣ Каримзода хамчунин доир ба  марҳилаи дуюми  Лоиҳаи «Рушди  чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ибрози назар намуда, гуфт, ки  ҳадафи лоиҳа  мусоидат ба паст намудани  сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои  Восеъ, Данғара, Ҳамадонӣ,  Фархор ва шаҳри Кӯлоб, тавассути  идоракунии самараноки  чарогоҳҳо  ва  беҳтар намудани  маҳсулнокии  чорводорӣ мебошад.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур   бо мақсади самаранок истифода ва  идоракунии чарогоҳҳо  дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи чарогоҳ» аз ҷониби мутахассисони   Марказ  дар 180 деҳаи интихобгардидаи  ноҳияҳои зерҳадафи   татбиқи лоиҳа ҷамъиятҳои  истифодабарандагони чарогоҳҳо  таъсис дода шуд.

Ҳамзамон дар доираи татбиқи  лоиҳа  барои сари вақт   кишт ва ҷамъоварӣ  намудани ҳосили  зироати  хӯроки чорво  ва кишоварзӣ дар асоси  дархости манфиатгирандагон   техника ва мошинолот, аз қабили   қариб 200 адад трактор, 6 эксковатор,  4 адад комбайни ғалладарави  тамғаи «Нива эффект»,  5 борбардори фронталӣ,  беш аз 140 адад ядакҳои тракторӣ, 1300  мошинолоти гуногуни кишоварзӣ- ғаллакӯбак,  испор, алафтойкунак, дастгоҳҳои  майдакунии хӯроки чорво,  сихмола, чизел, мошинолот барои ҷамъоварии  хӯроки чорво, алафдаравакҳои гуногунтамға барои истифода дастрас гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ИФАД) аз  соли 2011 оид ба татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва инчунин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012  Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъсис  дода шуд. Маркази мазкур  дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии иҷроияи Лоиҳа ва дигар мақомоти марбута  татбиқи марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва дигар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, грантӣ ва кумакҳои техникиеро, ки дар асоси Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба зиммаи Марказ вогузор карда мешаванд, татбиқ менамояд.

Август 2, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд