Дар Душанбе Шартномаи маблағгузории лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 сентябр дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд Шартномаи маблағгузории лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид.
Шартномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва Роҳбари Дафтари Бонки Олмонии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Шнайдер ба имзо расониданд.
Маблағи умумии шартномаи мазкур 9,6 млн. евроро ташкил намуда, он барои амалигардонии лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ равона карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи баимзорасида дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016 – 2017 таҳия гардидааст.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






