Дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пули мошингузари «Дӯстӣ» мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров дар минтақаи сарҳадии Овчӣ-қалъачаи Тоҷикистон ва Қулундии Қирғизистон пули мошингузари “Дӯстӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Пули мошингузари “Дӯстӣ”, ки бар асари селфароӣ чанд сол пеш вайрон шуда буд, бо маблағгузории ҳарду тараф бунёд гардид. Он 12 метр дарозиву 8 метр паҳноӣ дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров зимни иштирок дар маросими баистифодадиҳии пули “Дӯстӣ” иброз доштанд, ки сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ минбаъд метавонанд озодона равуо намуда, муносибатҳои дӯстонаро таҳким бахшанд.
Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков таъкид карданд, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо инҷониб дар ҳамсоягии ҳам ба сар мебаранд ва бояд дар оянда низ бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ тифоқу аҳлона зиндагӣ намоянд.














Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






