Китоби «Душанбе-қалби Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» гардид

Сентябрь 6, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 6.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷамъбасти Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» китоби «Душанбе-қалби Тоҷикистон»  сазовори ҷойи аввал гардид. Китоби мазкур ба қалами  Мирзоамин Мирсаидзода тааллуқ дошта, дар намоишгоҳ аз рӯи номинатсияи «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» ғолиб дониста шуд. Китоб дастовардҳои шаҳрдории пойтахтро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дарбар мегирад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар баробари китоби мазкур як гурӯҳ иштирокчиёни фаъоли намоишгоҳ имрӯз зимни ҷамъбаст аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шамсиддин Орумбекзода мукофотонида шуданд.

Вазири фарҳанг  Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки дар ин намоишгоҳ китобҳое ба маъраз гузошта шудаанд, ки афкори мухталифи ҷомеаро фаро мегиранд. Ба изҳори номбурда, баргузории чунин намоишгоҳҳо барои муаррифии бештари  эҷодиёти пурғановати адибон ва файласуфони тоҷик дар арсаи ҷаҳон  заминаи хуб фароҳам меоварад.

Зикр шуд, ки пешрафту тараққиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад.  Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат  ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.

Дар маросими ҷамъбастии намоишгоҳ инчунин дар номинатсияи «Ношири муваффақ» ҷойи якум ба Нашриёти «Адиб» барои китоби «Куллиёт»- Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, ҷойи дуюм ба ҶММ «Хуросон» барои китоби «Осори Устод Рӯдакӣ», ҷойи сеюм ба нашриёти «Ношир» барои китоби «Гулафшони шеър»-и С.Есенин сазовор дониста шуд.

Дар номинатсияи «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» ҷойи дуюм ба муаллифон Назаршо Назаршоев, Илҳом Бониёзов барои таълифи китоби «Военная история Таджикистана», ҷойи сеюм ба нашриёти «Ношир» барои китоби «Тоҷикистон-Ӯзбекистон: дӯстии безавол» сарфароз дода шуд.

Инчунин аз рӯи номинатсияи «Сермаҳсули сол» ҷойи якум барои силсилаи асарҳо ба муаллифон Мирзо Муллоаҳмад ва Садриддин Ҳасанзод муяссар гардид. Ҷойи дуюм ба Равшан Раҳмонӣ ва ҷойи сеюм ба Латофат Кенҷаева мувофиқ дониста шуд.

Ҳадафи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи мазкур 4 сентябр дар Рӯзи китоб оғоз гардида, дар он қариб 50 корхонаҳои табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, зиёда аз сӣ ҳазор китобҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуд.

Сентябрь 6, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад