ТОҶИКИСТОН ДАР ЭКСПО-2019. Шумораи тамошобинони Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин ба 7,8 миллион нафар расид

Сентябрь 28, 2019 10:32

ДУШАНБЕ, 28.09.2019./АМИТ  «Ховар»/. «Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 дар Пекин  дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Тавре аз  бюрои ин намоишгоҳ иттилоъ доданд,  аз лаҳзаи ифтитоҳ – охири  моҳи  апрел то имрӯз  шумораи  тамошобинони   ЭКСПО-2019  ба  7,8 миллион нафар  расидааст ва  интизор меравад, ки  дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин  теъдоди  ташрифоварандагони  он  бештар гардад»,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа».

Дар форуми байналмилалии рушди соҳибкорӣ, ки 22  сентябр дар доираи ЭКСПО-2019 баргузор гардид, муовини роҳбари бюрои намоишгоҳ Е. Даҳуа зикр  кард, ки шумораи тамошобинон  мунтазам афзуда, аз тамошои  растаниҳои нодиру  боғҳои аслии  ин намоишгоҳ  меҳмонони фахрӣ ва дигар тамошобинон аз кишварҳои гуногун  таассуроти амиқ  мебардоранд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ фаъолона ширкат меварзад. Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО — 2019 дар Пекин таъсис  дода шудааст, ҷумҳурӣ дастовардҳои худро дар соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта, инчунин ҳамкориро  бо корхонаҳои Чин ва дигар кишварҳои иштирокчии он густариш дод»,- иттилоър медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба рӯзномаи «Женмин жибао».

Дар гӯшаи  Тоҷикистон беш аз 30 намуд маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст, ки хусусияти фарқкунандаи он аз дигар қисматҳои ин намоишгоҳ  аст.  «Афзалиятҳои мо  дар ҳамкорӣ бо Чин,  пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Тоҷикистон дар ЭКСПО — 2019  имконоти  фарохро  барои густариши  ин ҳамкорӣ нишон дод. Дар ин намоишгоҳ баъзе аз ширкатҳои мо аллакай ба татбиқи лоиҳаҳои худ шурӯъ карда, шарик пайдо намуданд»,- гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷурахон.

Бояд таъкид намуд, ки мувофиқи омори Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2018 ҳаҷми умумии воридот ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ байни Чину  Тоҷикистон 23,562 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар панҷ моҳи аввали соли 2019 ин рақам 6,429 миллион доллар аст. Аз ҷумла, Чин аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 1,093 миллион доллар ворид кардааст. Ба гуфти вазири кишоварзии мамлакат И. Сатторӣ, лимӯ, гелос ва меваҳои хушк маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Чин мебошанд.

Тибқи барномаи  татбиқшавандаи мубодилаи таҷриба, ҳамасола беш аз сад мутахассис ва олим аз Тоҷикистон барои омӯзиши технологияҳои нав дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ ба Чин фиристода мешаванд. Ғайр аз ин, мутахассисони чинӣ технологияҳои пешрафтаи парвариши пахта ва биринҷро дар Тоҷикистон ҷорӣ  намуда,  гармхонаҳо ташкил  карда,  мутахассисони маҳаллиро тайёр мекунанд.

Инчунин, дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон лоиҳаҳои бисёри ҳамкорӣ бо ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» амалӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон дар якҷоягӣ бо сарони якчанд кишварҳо ба Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2019 дар Пекин ташриф оварданд.

ДАР АКС: Рӯзи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2019 дар Пекин.

Сентябрь 28, 2019 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст