Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғол намудани мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУНИ кушод эълон менамояд:
Номгўи мансабҳо:
Дастгоҳи марказӣ:
Бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус: сармутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ё кадршинос, ҳуқуқшинос, омўзгор, психолог, сотсиолог ё дигар соҳаҳои гуманитарӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 1140 сомонӣ.
Бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ: сармутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 1140 сомонӣ.
Бахши минтақавии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ: мутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ ё таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ — 696 сомонӣ.
Малакаи хуби роҳбарӣ, муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.
Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
— ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
— нусхаи гувоҳинома аз мақомоти андоз (РМА);
— маълумотнома аз ҷои зист;
— нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
— маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шотта Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ ба воситаи телефони 227-66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз пас аз нашри эълони мазкур (то соати 17.00) дар воситаҳои ахбори омма муқаррар мешавад.