Дар Душанбе амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Октябрь 18, 2019 14:27

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Душанбе  бо ташаббуси   Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар кори он намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо, Донишгоҳи тиҷорати Точикистон ва воситаҳои ахбори омма  иштирок доштанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни  ифтитоҳи ҷамъомад  директори Маркази миллии қонунгузорӣ Иззатулло Саидзода зикр кард, ки иҷро ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии  сохибкорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоси давлату  Ҳукумати Точикистон қарор доранд.

И.Саидзода таъкид намуд, ки бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид барои дастгирии сохибкорӣ  ва бартараф намудани баъзе монеаҳои маъмурӣ масъалаи татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзим дар Ҷумҳурии Точикистон рӯи кор омад.

Зикр гардид, ки масъалаи мазкур аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ мавриди омӯзиш карор гирифт ва бо дарназардошти таклифҳои мутахассисон «Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таҳия  гардида, бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015  тасдиқ шудааст.

Тибқи банди 2 қарори мазкур Маркази миллии конунгузорӣ мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки  бо мақсади мушаххас намудани мазмуни меъёрҳои боби мазкур ва боз ҳам муфассал танзим намудани муносибатҳо вобаста ба таҳлили таъсири танзимкунӣ Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби пешбурдаи Портали интернетии  иттиолотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия шуданд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки  бо дарназардошти он, ки таҳлили ҷанбаҳои назариявию  амалии иҷро ва татбиқи меъёрҳои  ҳуқуқи соҳибкорӣ вазифаи муассисаҳои илмӣ (олимон) ва мутахассисони мақомоти давлатӣ  аст, Маркази миллии қонунгузорӣ  тасмим гирифт, ки чорабинии имрӯзаро доир намояд.

Дар ҳамоиш  иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои зерин: «Ташаккули падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби пур намудани огоҳиномаи лоҳиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Талабот оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ», «Фаъолияти Портали интернетӣ  ва тартиби бақайдгирии лоиҳаҳои  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Машваратҳои оммавӣ», «Таърихи ташаккули падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ», «Принсипҳои гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Давраҳои гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Лоиҳаҳое, ки мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ  қарор намегиранд» маърӯза карданд.

Дар доираи ҳамоиш  вазъи воқеии амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз маърӯзаҳо ва мубодилаи афкор натиҷагирӣ  карда шуд.

Октябрь 18, 2019 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд