Дар Душанбе бахшида ба баргузории Фестивали байналмилалии «Дидор» нишасти матбуотӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 2.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хонаи Кинои шаҳри Душанбе бахшида ба корҳои омодагӣ ба баргузории Фестивали байналмилалии «Дидор» нишасти матбуотӣ доир шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин нишаст директори Фестивали байналмилалии «Дидор» Сафар Ҳақдод гуфт, ки «бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва сарпарастии грантии Дафтари швейтсарии ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз 16 то 20 октябр дар чорчӯбаи Фестивали байналмилалии «Дидор» баргузор шудани нахустин Фестивали байналмилалии филмҳои мустанад ба нақша гирифта шудааст».
Фестивали мазкур дар рӯзҳои ҷашни 90-солагии кинои тоҷик баргузор гашта, ба поси хотири филмҳои мустанадсози маъруф Мамадқул Арабов бахшида мешавад.
Ба гуфтаи директори Фестивали байналмилалии «Дидор» Сафар Ҳақдод, дар назар аст, ки дар ин фестивал 57 филми мустанади давомнокиашон гуногун намоиш дода шаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ дар намоиш гузошта мешаванд.
Маросими кушодашавии Фестивали байналмилалии «Дидор» дар Рӯзи кинои тоҷик- 16 октябр, соати 10:00, дар толори бузурги Хонаи кино баргузор мегардад.








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






