Дар Душанбе Протокол вобаста ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Протокол вобаста ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расонида шуд.
Ба имзо расонидани протокол аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки намунаҳои саноатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии мамлакат дар ҳудуди давлатҳои аъзо ҳифз карда шаванд.
Бояд зикр намуд, ки протоколи мазкур 9 сентябр дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби 5 давлати аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Арманистон, Озорбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия низ ба имзо расида буд.








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






