Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардиданд

Октябрь 15, 2019 18:33

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ  «Ховар»/. 15 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат баргузор гардид.

Дар маросими  расмӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт  доктор  Бадр ал-Дувайшӣ, Сафири Фавқулода  ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов  ва   ҳайати расмии ду давлат, инчунин ҳунарпешагон ва аҳли фарҳанги тоҷик иштирок намуданд.

Намоишгоҳро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз намуда,  иброз дошт, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ- ин шаҳодат аз муносибати неки дӯстиву бародарии ин ду давлат мебошад. Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат бо сафари фарҳангию ҳунарӣ соли 2018  баргузор гардида буданд. Давлати Кувайт бори нахуст аст, ки Рӯзҳои фарҳангии хешро дар мамлакати мо баргузор мегардонад».

Пеш аз ифтитоҳи расмӣ дар даромадгоҳи театр намоиши аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои  дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Давлати Кувайт, инчунин ҳунари машҳуртарин рассомони кувайтӣ ба воситаи аксҳо ба мардуми тоҷик муаррифӣ гардид. Аз тасвири мусаввараҳо аён буд, ки рассомони кувайтӣ ҳамкорӣ ва вохӯриҳои дуҷонибаро санаҳои муҳими таърихӣ шуморида, онҳоро ҳифз намудаанд.

Ҳамунин  муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт  доктор  Бадр ал-Дувайшӣ минатдори худро барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангӣ ва дастгириҳои ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баён намуд. Чун рамзи дӯсти туҳфаҳои ду давлат ба ҳамдигар тақдим гардид.

Сипас филми мустанади даҳдақиқагӣ аз таърихи муносибатҳои дуҷониба ба намоиш гузошта шуд. Коргардони филм бо он  тавонистааст, тамоми ҷабҳаҳои муносибатҳои ду давлатро инъикос намояд.

Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт 24 июни соли 2013 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт расман ифтитоҳ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба аз  24 то 28 марти соли 2016 дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дасти ҳунармандон ва хӯрокҳои миллиро баргузор намуда буд.

Ҳамчунин барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ бо иштироки санъаткорони тоҷику кувайтӣ манзури иштирокдорон гардид, ки хеле дар сатҳи оли баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ,  16 октябр, соати 11:00, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки шоирони кувайтӣ Ҷобир ан-Наъм, Иброҳим ал Холидӣ ва шоирони тоҷик Намоишгоҳи китоб-нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт баргузор мегардад.

Октябрь 15, 2019 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид