Дар Душанбе таҳти унвони «Татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат дар нуҳ моҳи соли равон дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тамоюли болоравӣ дошта, 26 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нуктаро муовини аввали Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбекзода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикори
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён кард.
Мавсуф омили афзоиши раванди муҳоҷирати меҳнатиро ба Россия ба вазъи иқтисодӣ ва қонунгузории ин кишвар марбут дониста, зикр кард, ки то соли 2019 тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия то 30 фоиз паст гардида буд. М. Маҳмадбекзода гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон аз Тоҷикистон беш аз 471 ҳазор нафар ба хориҷи мамлакат сафар кардаанд, ки аз ин омор зиёда аз 411 ҳазораш муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Федератсияи Россия беш аз 401 ҳазор, Қазоқистон зиёда аз 8,4 ҳазор шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки 262 ҳазорашро мардҳо ва 65 ҳазорро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин зикр шуд, ки аз 327 ҳазор шаҳрвандони аз хориҷа ба ватан баргашта 279 ҳазораш муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Аз теъдоди умумие, ки
ба хориҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 90 фоизаш ба Россия рост омада, воридшавии 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, ки қаблан ихроҷ гардидаанд, манъ аст. Гуфта шуд, ки нисбат ба ин масъала дар Вазорат комиссия фаъолият дошта, тайи се соли охир воридшавии се ҳазор шаҳрвандони мамлакат ба Россия кушода гардид.
Бо дахли татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар мамлакат муовини аввали Сардори Хадамоти муҳоҷират гуфт, ки ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуда, санадҳои танзимкунандаи соҳа қабул гардидаанд. Қабули «Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1998, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» соли 1999 ва «Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа» соли 2001 шаҳодати ин гуфтаҳост.
Зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» имрӯз ниёз ба такмил дошта, бо ин мақсад дар Вазорат гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони тамоми вазорату идораҳои мамлакат таъсис дода шудааст. Интизор меравад, ки зимни такмили қонуни муҳоҷират ба масъалаҳои паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси марказҳои касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ диққати махсус дода шуда, доир ба фаъолияти агентиҳои ба кортаъминкунӣ боби алоҳида пешбинӣ шудааст.
Зикр шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, яке аз омилҳои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешрафти иқтисодиёт буда, инчунин оқибатҳои манфӣ дорад. Хусусан зарфи соҳои охир ба гурӯҳҳои ифротию тундрав пайвастани бархе аз ҷавонон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия қарор доштанд, инчунин аз тарбия дур мондани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ боиси нигаронист. Дар ин росто, иштирокдорони ҳамоиш доир ба масъалаҳои муҳоҷират ҳамчун омили пайвастшавии ҷавонон ба равияҳои ифротӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони корӣ, сабаб ва оқибатҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил ва идораи самараноки раванди муҳоҷирати корӣ ба хориҷа, вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, вазъи муҳоҷирати зеҳнҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.










Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад






