Дар Париж ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳайати иқтисодии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода аз Аврупо баргашт. Дар доираи сафар, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳайати иқтисодии Тоҷикистон аз Франсия ва Швейтсария боздид намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳошияи сафар 23-24 сентябр ҳайати иқтисодии Тоҷикистон аз минтақаи кӯҳистони Алпи Франсия — Савойя боздид намуда, дар шаҳри Шамберӣ бо намояндагони кластери кӯҳии Франсия, аз ҷумла ширкатҳои «Savoie Mont Blanc», «MND Group», «POMA», «GEODE», «ADC Architectes», «Agence Alps» вохӯрӣ намуд.
Дар коммунаи Осуа намояндагони Тоҷикистон бо имкониятҳо ва модели иқтисодии коммунаи мазкур, инчунин иншооти сайёҳиву варзишӣ ва мавзеъҳои таьрихиву фарҳангӣ шинос шуданд.
Инчунин дар Париж таҳти ҳамраисии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода ва раиси Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (МЕДЕФ) Кристоф Фонтайн ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса барпо шуд. Дар ҷаласа, аъзои ҳайати Тоҷикистон ба ҳозирин фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, имконоти сайёҳӣ, бахшҳо ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, сиёсати андозбандӣ, бонкӣ ва қарзӣ ва талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро муаррифӣ намуданд. Дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати иқтисод ва молияи Фаронса, Агентии Фаронса оид ба рушд, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ширкатҳои «Schiver», «Thales International», «Trartebel Ingineering», «BRL Ingenerie», «EDF», «Fives» ва «IDF Radiocom Services» иштирок намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамзамон вазъи кунунӣ ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф дар нишасти вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайати иқтисодии Тоҷикистон бо намояндагони ширкату корхонаҳои фаронсавӣ матраҳ гардид.
Инчунин дар Париж Фаррух Ҳамрализода роҳбарияти ширкатҳои «FIVES» ва «THALES», Директори департаменти аврупои Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Фредерик Мондолонӣ, ноиби котиби давлатии Вазорати иқтисод ва молияи Фаронса Клара Шеремитинскӣ вохӯрда, масъалаи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, сайёҳӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устуворро матраҳ намуданд.
Ҳайати иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Тсюрихи Швейтсария бо Директори иҷроияи Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва давлатҳои ИДМ/Гурҷистон — Дорит Салис, Директори бозорҳои рушдёбанда ва лоиҳаҳои махсуси сайёҳии Швейтсария (Switzerland Tourism) — Федерико Сомаруга ва аъзои Шӯрои директорон ва сардори Раёсати содироти Агентии рушди содироти Швейтсария, Мартин Гмур мулоқот анҷом доданд. Дар доираи вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайати иқтисодии Тоҷикистон бо намояндагони ширкату корхонаҳои Фаронса ва Швейтсария ба доираҳои ҳавасманди сармоягузорӣ бастаи маълумоти чопӣ ва электронӣ оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ, имтиёзу сабукиҳои дар қонунгузорӣ пешбинигардида, лоиҳаҳои ҷолибнок барои сармоягузорӣ, наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ дастрас карда шуданд.












Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






