Дар Самарқанд ҳунарпешаҳои тоҷикро гарм истиқбол намуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 13 то 19 октябр ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба сафари ҳунарӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати 35-нафараи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айниро дар Театри вилоятии мусиқӣ ва драмаи ба номи Ҳамид Олимҷон аҳли театр бо гулдаста ва карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмонон аҳли театри Самарқанд намоиши театронидашудаи ҷолиберо таҳия намуда, намоиш доданд.
Шоми 14 октябр дар толори мазкур бо иштироки ҳунарпешаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Самарқанд барномаи консертӣ бо номи «Шоми дӯстӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки он аз ҷониби сокинони Самарқанд хеле хуш ва самимӣ пазируфта шуд.
Аҳли театр ба тамошобинони самарқандӣ опереттаи «Найрангҳои Майсара» ва намоиши «Бузаки ҷингилапо»-ро намоиш доданд.
Намоишҳои мазкур, ки яке барои кӯдакон ва дигарӣ барои калонсолон аст, то 19 октябр манзури аҳолии вилояти Самарқанд гардонида шуданд. Ҳар ду намоиш бо коргардонии Ҳунарпешаии шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна омадаанд.











Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






