Дар Суғд бо мақсади ҷамъоварии ҳосили зироат «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар саҳро» эълон гардид

Октябрь 2, 2019 17:10

СУҒД, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд бо баргузории ҷамъомади тантанавӣ аз даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ, ки байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят эълон гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд. Ҳамзамон бо мақсади пурра ҷамъ овардани ҳосили ҳамаи зироати кишоварзӣ дар вилоят «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар саҳро» эълон шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати ҳадафмандона ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст. Дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи кишоварзӣ низ рушд ёфта, кишоварзону деҳқонони пуртаҷриба дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузоранд.

Таъкид карда шуд, ки пахтакорони вилоят имсол ният доранд 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намуда, аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро намоянд. То имрӯз ба хирман 42 ҳазору 368 тонна дурри сафед рехта шуд, ки ба 32,8 фоизи дурнамо баробар мебошад.

Дар ҷамъоварии ҳосили имсола кишоварзони шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов саҳми бештар доранд. Онҳо ҳар рўз ба ҳисоби миёна баробари 2,5 – 3,8 фоизи дурнамои солона ҳосил ғундошта, ба суръати чиниши пахта суръат зам кардаанд ва пешоҳангони мусобиқа дониста шуданд.

Деҳқонони чашмикордони хоҷагиҳои деҳқонии «Рамз»-и ноҳияи Ашт, «Меҳвар»-и ноҳияи Спитамен, «Баҳористон»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Бекобод»-и шаҳри Конибодом, «Камола»-и ноҳияи Зафаробод, «Имоми Аъзам»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва «Неъматулло»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар миқёси вилоят 986 хоҷагӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, исбот намуданд, ки гузоштани заминаи хуби ҳосил, ташкили дурусти кор, сафарбаркунии саривақтии қувваҳо гарави муваффақият мебошанд.

Дастовардҳои шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои зикршуда аз имконияту захираҳои дохилӣ шаҳодат медиҳанд ва дигаронро низ ба пешравӣ ҳидоят менамоянд.

Раиси вилоят аз саҳми ҳашарчиён – кормандани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар ғунучини ҳосил низ ёдовар шуда, ба ҳашарчиёни боҳиммат, ки ба марди деҳқон дасти мадад дароз менамоянд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Тибқи маълумоти фаврӣ, ҳамарўза дар ҷамъоварии пахта беш аз 60 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён иштирок намуда, қариб 3,3 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда истодаанд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки бояд вақтро ғанимат дониста, барои ҳарчи тезтар ҷамъ овардани ҳосили бо заҳмат рўёнидашуда кўшиш ба харҷ дода шавад. Дар ин самт ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор дастур дода шуд, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва ғундоштани зироати дигари кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар бистрӯзаи аввали пахтачиниӣ заркорони шаҳри Конибодом сазовори ҷойи якум, кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷойи дуюм ва Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ҷамоати пешсаф дониста шуда, ба ғолибон дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ, 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Ба шарафи ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ инчунин «Парчами шараф» барафрохта шуд.

Октябрь 2, 2019 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст