Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди қабули Конститутсияро таҷлил намуданд

Октябрь 31, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини мамлакат санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он истиқлолияти   давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни олии давлат сабт намуда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.

Матлаби мазкурро Раиси  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар маҷлиси тантанавие, ки имрӯз дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён кард. Дар ҳамоиш, ки  роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок доштанд, зикр шуд, ки иқдоми ҷиддӣ дар роҳи таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1993 «Дар бораи комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид. Тибқи он ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.

Таъкид карда шуд, ки бо дарки воқеияти таърихи сиёсии мамлакат ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа аз ҷониби Комиссия пешниҳод гардид, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи халқ бароварда шуда, он бевосита аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Ба муҳокимаи мардум пешниҳод гаштани лоиҳаи Конститутсия ва 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани он баёнгари раванди демократии таҳия, муҳокима ва қабули ин санади тақдирсоз мебошад.

Бо дарназардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти мамлакат Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор дошт, ки «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад».

Дар маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ маърӯза намуда, зикр карданд, ки пешрафти ҳаёти ҷомеа ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат тақозо намуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шаванд. Аз ин рӯ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсӣ се маротиба- 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ворид карда шуданд.

Таъкид гардид, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат карда, ба мақомоти судии ҷумҳурӣ низ дахл доранд.

Дар ин росто, аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Ин меъёри воқеан демократӣ дар моддаи 9 Конститутсия ба таври зайл муқаррар карда шудааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».

 

Октябрь 31, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд