Доир ба таҳияи лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд

Октябрь 23, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳияи лоиҳаи  нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳайати олимони забоншиноси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ барои баррасӣ ва омӯзиши лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос ва олимон таҳия гардида буд, супориш гирифта, ҳамзамон вазифадор карда шуд, ки  таклифу пешниҳодоти мутахассисони забондон ва кафедраҳои забоншиносии мактабҳои олии мамлакатро дар муддати ду ҳафта мавриди баррасӣ  қарор диҳад.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф,  илм, адаб ва фарҳанг оид ба  ислоҳи камбудиҳову мушкилоти  «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён гардида буд, таъсис дода шуд.

Баъди муҳокимаи ниҳоӣ лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Октябрь 23, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид