Имрӯз дар Москва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад

Октябрь 25, 2019 11:47

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Интизор меравад, ки дар ҳайати маҳдуд сарони ҳукуматҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор кунанд.

Дар ҷаласаи васеъ таваҷҷуҳи асосӣ ба баррасии Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок доир ба татбиқи он, инчунин Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ равона хоҳад шуд.

Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласаи ШСҲ санадҳои танзимкунандаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи стандартизатсия, байторӣ, танзими антимонополӣ, рушди радионавигатсия, барқароркунии қаламрави кишварҳо, ки аз истихроҷи уран зарар дидаанд, баргузории Бозиҳои кишварҳои ИДМ ва ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расонида хоҳанд шуд.

Чун анъана, як қатор ҳуҷҷатҳои барои баррасии сарони ҳукуматҳо пешниҳодгардида ба масъалаҳои дастгирии молиявии фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марбутанд.

ДАР АКС: парки техникии «Сколково» дар Москва, ки он ҷо 25 октябри соли 2019 ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.

Октябрь 25, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад