Муҳаммадтақии Собирӣ: Эрон ҷиҳати истифода аз бандари Чобаҳор барои Тоҷикистон имтиёз пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 09.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Бандарҳои ҷанубии Эрон, бахусус бандари Чобаҳор метавонанд барои транзити молу маҳсулот ба Тоҷикистон бо нарх ва хизматрасонии арзон мавриди истифода қарор гиранд. Барои давлати дӯст ва ҳамзабони Тоҷикистон дар ин бандар имтиёзҳо ба назар гирифта шудаанд. Ин матлабро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни суханронӣ дар ҳамоише, ки 8 октябр дар Душанбе дар мавзӯи «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамо ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави мутобиқгардонии он ба низоми байналмилалӣ» доир гардид, баён дошт.
Масири транзитии нақлиётӣ, обӣ, роҳи оҳан ва ҳавоии Эрон барои густариши тиҷорати минтақа дар муқоиса бо дигар роҳҳои транзитӣ кӯтоҳтарин, арзонтарин ва амнтарин ба ҳисоб меравад. Дипломати эронӣ бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти транзитии кишвараш дар пайвастсозии минтақаҳои Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб гуфт, ки «Эрон бо мавқеъияти ҷуғрофиаш, ки дар канори баҳри Хазар воқеъ буда, ба обҳои озод дар халиҷи Форс ва дарёи Уммон дастрасӣ дорад, дар содироту воридоти молу маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, хусусан Тоҷикистон аз имконоти мусоид бархурдор мебошад».
Бо дахли ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ зикр кард, ки Ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя ва наздики худ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавияти аслии сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
«Тоҷикистону Эрон дорои умумиятҳои забонӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ буда, тавонмандиҳо ва дигар зарфиятҳои мукаммали иқтисодии ду давлат фазои мусоидро барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи гуногунсоҳа фароҳам овардааст»,- афзуд Сафири Эрон.
Собирӣ гуфт, ки Эрон аз солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарории сулҳу субот ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди иншооти бузурги энергетикию коммуникатсионӣ — Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар ҷануби Тоҷикистон ва нақби «Истиқлол» дар шимоли мамлакат ва татбиқи дигар тарҳҳо бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон иштироки фаъол доштааст.
Ҳамзамон ба дахли авзои сиёсӣ ва амниятии минтақа ва ҷаҳон дипломати эронӣ зикр кард, ки вазъи кунунии сиёсӣ, амниятӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои созмонёфтаи дорои хусусияти фаромиллӣ таҳдидҳои муосир бо шаклҳои муҳим ва истифода аз технологияҳои навро падид оварда, густариши бесобиқа ёфтааст. Мутаассифона, ин унсурҳои номатлуб ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳоро дар маърази хатар қарор додаанд. Пешгирӣ ва мубориза бо ин таҳдидҳо дар авлавияти сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад.
«Дар минтақаи мо ин таҳдидҳо бо воситаи дахолати қудратҳои фароминтақавӣ ва бо тафриқаафканӣ миёни кишварҳои минтақа бо мақсади фурӯши сулҳҷӯёнаи аслиҳа ва даст ёфтан ба бозори энерҷӣ шакли печида гирифтааст. Эҷоди гурӯҳҳои террористӣ аз ҷониби бархе аз кишварҳои бегона ва муттаҳидонаш ба ҳимояти молӣ аз онҳо бесуботӣ ва тезутунд гардонидани вазъи амниятиро дар минтақаи ғарби Осиё ба вуҷуд овардааст. Шикасти гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ва тарҳи интиқоли созмонёфтаи он ба кишвари Афғонистони ҳамсоя сабаби эҷоди хатари нуфузи террористҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ шудааст. Бо мақсади пешгирӣ ва муқобила бо ҳар гуна таҳдидҳои террористӣ Эрон омодагӣ дорад таҷрибаи худро дар шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ дар ихтиёри давлатҳои ҳамсоя ва дӯст қарор диҳад. Эрон ҳамвора дасти дӯстӣ ва сулҳи худро ба сӯи ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳон боз карда, муътақид аст, ки масъалаҳо ва буҳронҳои минтақавӣ тавассути давлатҳои минтақа ва бидуни мудохилаи кишварҳои хориҷӣ ҳал шаванд.
«Итминони комил дорам, ки дар партави иродаи мақомоти олии давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон баҳрагирӣ аз иштироки фаровон ва зарфиятҳои мукаммали ин ду мамлакат мо шоҳиди тақвияти ҳамкорӣ ва густариши рузафзуни равобити ду давлати ҳамфарҳанг, ҳамдин ва ҳамзабон –Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем буд»,- гуфт Муҳаммадтақии Собирӣ.
Суханронии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ дар ҳамоиш дар Душанбе дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар панҷумин Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар Душанбе доир шуд, иштирок намуд. Инчунин 01-уми июни соли равон дар Теҳрон «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният» ба имзо расонида шуд.
Тибқи ин санад ҳар ду давлат аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»










Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид






