Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон

Октябрь 8, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БР СММ)  дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БР СММ дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таҷлили 25-солагии фаъолияти БР СММ дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои тадорукотӣ доир ба баргузории Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки соли 2020 дар Душанбе дар назар аст, муҳокима намуданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 8, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд