Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Фанчэнган мулоқот намуд

Октябрь 17, 2019 16:58

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни иштирок дар Форуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси шаҳри соҳилии Фанчэнгани Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Бан Ҷунбай вохӯрӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва шаҳри Фанчэнган, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ ва дар доираи Минтақаи бунёдшавандаи санҷишии байналмилалӣ оид ба рушди тиб барои ҳамкории шаҳри Фанчэнган бо давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуданд.

АСК: ВКХ ҶТ

Октябрь 17, 2019 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард