Намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ омоданамоии мутахассисони соҳибкасби маҳаллиро баррасӣ карданд

Октябрь 31, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон  доир ба масъалаи омодасозии мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид.  Дар он намояндагони 19 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ (аъзои ИРБаХТ), нуҳ муассисаи таълимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омада,  перомуни масъалаи мазкур сухан карданд.

Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов зикр намуд, ки  «дониш барои тиҷорат калиди муваффақият буда, имрӯз дарёфти мутахассисон дар самтҳои асосӣ барои рақобатпазирии саноати мо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Зеро шумораи мутахассисоне, ки ба талаботи имрӯзаи соҳа ва бозори меҳнат ҷавобгӯянд, кам мебошад».

Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур- ин боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва рушд додани корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, роҳандозӣ гардид.

Октябрь 31, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд