Номаи сипос ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Октябрь 29, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз номи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ба номи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос расидааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Таваҷҷуҳи махсус ва роҳнамоии бевоситаи Шумо –Вазири муҳтарам буд, ки барномаи Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида, роҳбар ва аъзои ҳайати кувайтӣ аз сатҳи баргузории он қаноатманд шуданд. Ҳамзамон онҳо аз ҳусни истиқбол ва меҳмоннавозии гарму самимона бо хотироти некӯ ба ватани хеш баргаштанд».

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар матни нома ба Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, сардори Раёсати санъати вазорат Мирзоолим Саидов, роҳбари Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олимҷон Акрамов ва якчанд корманди ин ниҳод барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 14 то 18 октябри соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва ноҳияи Варзоб сурат гирифт, самимона изҳори миннатдорӣ карда мешавад.

Дар фарҷоми нома Сафир Зубайдулло Зубайдзода ба Вазорати фарҳанг баҳри муаррифии санъату фарҳанги Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни давлатҳо дастовардҳои нав таманно намудааст.

Октябрь 29, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад