Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ – ро баррасӣ намуд

Октябрь 31, 2019 10:52

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28-31 октябр дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафир оид ба супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Назирмад Ализода иштирок намуд.

Дар ҷаласа ҳамоҳангсозони миллӣ доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 1-2 ноябри соли 2019 дар Тошканд баргузор мегардад, баррасӣ намуда, лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоиро, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо қабул карда мешаванд, ҳамоҳанг карданд.

АСК: ВКХ ҶТ

 

Октябрь 31, 2019 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид