Шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид

Октябрь 4, 2019 18:16

ДУШАНБЕ, 04.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Тоҷикистон доир гашта, дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки маҳз таҳти дастгириву талошҳои бунёдкоронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати «дарҳои кушода»-и Ҳукумати мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ гашт. Пойтахти Тоҷикикистон — шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, дар ин замина шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Ҳоло Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ қадамҳои нахустин ва устуворонаи худро мегузорад, дар ин ҷараён омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии мамлакат басо муҳим аст.

«Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб шудани шаҳри Душанбе натиҷаҳои сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, табдил додани пойтахт ба як макони тамошобоби сайёҳӣ аз ҷониби раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад. Имрӯзҳо ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайра мусоидат менамоянд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри душанбе зиёда аз 40 адад меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ менамоянд. Ҳамзамон, мавҷудияти боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва фаввораҳои назаррабо дар маркази пойтахт макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳони хориҷӣ гаштаанд. Имрӯзҳо ҳар нафаре, ки ба пойтахти Тоҷикистон сафар менамояд, бори дигар аз мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои  ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдгардида дидан намуда, воқеан дарк менамояд, ки Душанбе ба як шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳӣ ва баҳри ба шаҳри  сайёҳон  табдил додани Душанбе як зумра  тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ   гардидааст.
Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.

Тавре дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъкид гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ — ин узвият ба созмонҳо, ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) пазируфта шуд.

Чанд рӯз қабл, тибқи назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Боиси фараҳмандист, ки меҳмоннавозии суннатии сокинон ва бахусус амнияту осоиштагии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба раванди рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошанд.

Октябрь 4, 2019 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд