Сохтмони марҳилаи 2-юми роҳи мошингарди «Душанбе-Кулма» оғоз мепазирад
ДУШАНБЕ, 21.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ марҳилаи 2-юми сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе-Кулма» оғоз мегардад. Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 16 октябр баргузор гардид, Лоиҳаи Қарор «Дар бораи тасдиқи мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии техникӣ — иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Кулма» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вакилон қарори мазкурро ҷонибдорӣ намуданд ва он қабул шуд.
Тибқи ҳисобҳои пешакии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷдиди роҳи мошингарди лоиҳавӣ дар масофаи 92,3 км (дарозии роҳи мошингарди мавҷуда — 109,0 км) амалӣ карда мешавад ва дар ҷараёни таҷдиди роҳ боз чунин иншоот сохта мешаванд: 2 адад нақб бо дарозии 5,2 км, 15 адад пул бо дарозии 633,1 м, 5 адад долони зиддитармавӣ, 180 адад девори ҳимоявӣ бо дарозии 21,9 км, 151 адад қубури обпартои гуногунҳаҷм бо дарозии 3328 м, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 12,2 км, 1 адад виадук (нимкӯпрук) бо дарозии 63,4 м, 20 адад новаи кушода (ҷои селгузар) бо дарозии 260 м, хатҳои коммуникатсионӣ, равшанидиҳӣ ва ғайра.
Бояд гуфт, ки роҳи мошингарди Душанбе-Кулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии «Роҳҳои мошингарди Осиё» мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад ва барои таҳкими робитаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ—иқтисодӣ байни кишварҳои мазкур нақши муассир мебозад.
Зимни баррасии масъалаи мазкур дар иҷлосияи зикршуда Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зикр кард, ки қитъаи калидии марҳилаи 2- юми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Кулма (қитъаи Қалъаихумб, Ванҷ сарҳади ноҳияи Рӯшон)» аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.
«Бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд қитъаҳои алоҳидаи роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, аз ҷумла Мурғоб-Ағбаи Кулма (сарҳади Хитой), Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон ва Душанбе-Данғара барқарор гардида, нақбҳои «Хатлон» ва «Озодӣ» ба истифода дода шуданд. Айни ҳол зарурати барқарорсозии қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ-Мурғоб-Кулма (сарҳади Чин) ба миён омадааст. Бо дарназардошти мураккабии мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ, барқарорсозии роҳи мазкур ба қитъаҳои Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон, Рӯшон-Хоруғ ва Хоруғ-Кулма сарҳади Чин ҷудо карда шудааст»,- афзуд Н.Ҳикматуллозода
Иттилоъ дода шуд, ки мактубҳои мубодилавиро 15 июни соли 2019 зимни сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст.
Дар мактубҳои мубодилавӣ дарҷ мегардад, ки ҷониби Чин ҷудо намудани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми тақрибан 232000,00 доллари ИМА-ро бо сафарбаркунии ҳайати коршиносони чинӣ ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ — иқтисодии сохтмони роҳҳои Қалъаихумб-Ванҷ пешбинӣ намудааст.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов зимни баррасии ин масъала иброз дошт, ки барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати коршиносон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар ҷараёни кор ҳайати коршиносони Чинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти зарурӣ ва маводи дахлдори техникӣ таъмин менамояд.
«Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Кулмаро пурра ҷонибдорӣ намуданд», -илова кард Б. Абдуалимов.
Ёдовар мешавем, ки 11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» дар қитъаи «А», ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд.
Қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб—Шамсидин Шоҳин» дар идомаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин» 32,7 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
Дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» сохтмони 3 адад пул дар мавзеъҳои кӯҳӣ бунёд мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт.
Бунёду навсозии роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон тамоми молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад.
Бунёди роҳ аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамалакат заминаи воқеӣ мегузорад.
Тибқи лоиҳа, инфрасохтори зарурӣ дар роҳи мошингарди қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин» бунёди қубурҳои обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дастур дода шуд, ки дар вақти корҳои сохтмонӣ 90 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»