Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ба ҳамкорӣ вусъат мебахшанд

Октябрь 18, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ҳамкориро вусъат мебахшанд. Дар ин хусус имрӯз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе шартномаи дахлдор ба имзо расид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, шартномаи маблағгузории Барномаи «Солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ, марҳилаи VI» миёни Бонки Олмонии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, маблағи умумии он 9 миллион евроро ташкил медиҳад. Шартномаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбари Дафтари Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон Андресес Шнейдер ба имзо расониданд.

Зикр шуд, ки баимзорасии шартномаи имрӯза метавонад дар беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва хубтар кардани сифати кори ёрии таъҷилӣ мусоидат намояд.

Маблағҳои ҷиҳати татбиқи Барнома ҷудогардида барои сохтмон ва барқарорсозӣ, харидории таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ ба шуъбаҳои ғайриантологӣ ва таваллудхонаи Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқотии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе истифода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки шартномаи баимзорасида дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017 таҳия гардидааст.

Октябрь 18, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд