Ҳафтаи мӯди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Малайзия
ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Куала Лумпур маросими бошукӯҳ баргузор гардид, ки онро ширкатҳои малайзии «Rafflesia» ва «Malaysia Central Asia Business» таҳти сарпарастии тарроҳи машҳури ҷаҳонӣ профессор Ҷимми Чу дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Малайзия ташкил намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия, ороишгари маъруфи тоҷик Нафиса Имронова Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маросими мазкур муаррифӣ карда, ба мухлисони мӯдпарасти малайзӣ коллексияи нави худро, ки мероси бойи тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро дар бар мегирифт, пешкаш намуд. Иштирокдорон ба услуби тозаи ӯ баҳои баланд доданд.
Дар намоиши мӯд инчунин тарроҳони машҳури Малайзия ва дигар намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба монанди Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доштанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






