Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад: 20-23 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар ҷумҳурӣ бо сабаби ворид шудани ҳавои сарди арктикӣ якбора ноустувор гардидани вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯз ҳарорати рӯзонаи ҳаво 8+13 дараҷаро ташкил намуда, баъдан 21-23 ноябр дар водиҳо ва доманакўҳҳо ҳарорат паст шуда, то 0+5 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора муовини Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Саидҷамолова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 21 ноябр дар ҷумҳурӣ борон борида, охири рӯз дар бештари водиҳо, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба барфи тар мубаддал гардидани он пешбинӣ мешавад. Давомнокии боришоти борон ва барфи тар дар аксар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 23 ноябр аз эҳтимол дур нест.
Бо сабаби якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боридани барф дар роҳҳои нақлиётгарди кӯҳӣ пайдоиши қабати барф дар назар аст. Дар ин давра дар қаламрави ҷумҳурӣ фаромадани туман пешбинӣ шуда, дурии биниш аз 200 то 500 метрро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар давраи номусоид шудани вазъи ҳаво фишори атмосферӣ баланд гардида, он ба гирифторони бемориҳои фишорбаландӣ, дил, диабети қанд ва астма таъсири худро мерасонад.
Аз 24 то 26 ноябр дар ҷумҳурӣ боришот қатъ гардида, софшавии ҳаво дар назар буда, туман мефарояд. Инчунин ҳарорат паст шуда, шабона дар водиҳо то 0-5 дараҷа, дар доманакӯҳҳо то 3-8, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз 5-10 то 10-15 ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ то 20-25 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки дар рӯзҳои барфу боронӣ эҳтиёткор бошанд. Аз роҳандозии корҳои саҳро, рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, омода кардани ҳезум ва молчаронӣ худдорӣ намоянд.
Рондагон дар рӯзҳои боронӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя ва аз боло бурдани суръати ҳаракат худдорӣ намуда, ҷони худу ҳамсафарони хешро дар хатар нагузоранд.
Инчунин ба кишоварзони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки бо сабаби ба амал омадани боришоти шиддатнок ва баъдан пастшавии ҳарорати ҳаво зироати кишоварзӣ, мева ва сабзавотро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд. Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои нотамоми сохтмонӣ дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ аз манфиат холӣ нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш ба рақами 112, 93 880 28 19 барои расонидани кумак дар тамос шаванд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






