Ҷавондухтарони минтақаи Рашт ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб мешаванд

Ноябрь 14, 2019 14:23

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Сангвори минтақаи Рашт бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ семинари омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллии гузаштагон ва кам намудани сатҳи бекорӣ дар мамлакат мебошад.

Семинари  омӯзишии ҳунармандӣ  5 рӯз идома ёфта, ба иштирокчиён роҳҳои густариши ҳунармандӣ, ташаккули механизми омода намудани ҳунарҳои халқӣ ва рушди навъҳои гуногуни мероси мардумӣ дар ҷумҳурӣ омӯзонида мешаванд.

Ноябрь 14, 2019 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд