Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 6 то 10 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад.
Даври ниҳоии озмун аз рӯйи номинатсияи навозандагӣ 6 ноябр доиш шуда, дар он 9 нафар иштирокчии бахши навозандаи анъанавӣ ва 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи эстрадӣ дар назди тамошобинон ва аъзои ҳакамон барои ғолибият ҳунарнамоӣ мекунанд.
7 ноябр истеъдоди 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи академӣ ва 8 нафар аз рӯйи номинатсияи оҳангсоз санҷида мешавад.
8 ноябр дар номинатсияи ровӣ 8 нафар ва шоирӣ 7 нафар иштирокчиёни озмун байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
9 ноябр дар даври ниҳоии озмун дар номинатсияи сарояндагӣ 7 нафар дар бахши сарояндаи академӣ, 8 нафар дар бахши сарояндаи анъанавӣ ва 9 нафар дар бахши сарояндаи эстрадӣ барои гирифтани ҷойҳои намоён талош мекунанд.
Ҷамъбасти озмун 16 ноябр, соати 16:00, дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо баргузории барномаи муҳташами консертӣ ва муайян кардани барандаи шоҳҷоиза, инчунин супоридани диплому ҷоиза ба ғолибони озмун баргузор мегардад.
Ёдовар мешвем, ки аз соли 2018 ба хотири омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» эълон гардида буд.
Соли 2019 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» ба тасвиб расид.
Озмуни мазкур дар се давр гузаронида шуда, даври аввали он моҳҳои апрел – майи соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм моҳҳои июн- июл дар марказҳои вилоятҳо доир гардид.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровии беҳтарин гузаронида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ҷалби 3013 нафар довталаб баргузор гардида, аз ин теъдод 705 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 787 довталаб дар озмун ширкат варзида, 549 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Дар вилояти Хатлон 813 нафар ширкат варзида, 249 нафар, дар ВМКБ аз 410 нафар135 нафар, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 841 нафар довталаб 130 нафар, дар шаҳри Душанбе аз 133 нафар 67 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, ровигӣ, шоирӣ ва ба таълимоти касбӣ фаро гирифтани онҳо, ҳамчунин ҳавасмандгардонии ҳунармандони ҷавон ва пешрафти фарҳанги миллӣ мебошад.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






