Дидори сарбоз. Волидайни аскарон аз қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт дидан мекунанд

Ноябрь 21, 2019 10:35

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  беш аз 20 нафар волидайни сарбозон ҷиҳати дидорбинии фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт сафар намуданд. Иқдоми мазкур бо  ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе   роҳандозӣ шуда, мақсад аз он  тарбияи ватандӯстӣ, ҳамоҳангии волидайн бо қисмҳои ҳарбӣ ва  ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар — Ватан мебошад.

Тавре корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дидорбинии волидайн таҳти унвони «Дидори сарбоз»  дар доираи «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» роҳандозӣ шуда, падару модарони сарбозон  метавонанд аз аҳвол ва шароити зиндагии фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ огоҳ шаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки  иқдоми мазкур моҳи декабри соли равон дар қисмҳои ҳарбии минтақаи Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» моҳи феврали соли равон  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида, мақсад аз он  фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Ноябрь 21, 2019 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст