Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи минтақавии сатҳи баланд дар Тошканд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Иқтидори саноатӣ, савдо ва ҳадафҳои рушди устувор дар давлатҳои Осиёи Марказӣ» Конференсияи минтақавии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конференсияи мазкур муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Шерализода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мақсади ҳамоиши мазкур аз тақвияти ҳадафҳои рушди устувор, сиёсати савдо, мусоидат намудан барои ташкили ҷойҳои корӣ, содагардонии тиҷорати хориҷӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳо иборат буд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






