«Пайғоми эҳё ба насли фардо — Ман ба шумо сулҳ меорам»-ҳамоиши илмӣ-оммавӣ дар Китобхонаи миллӣ

Ноябрь 14, 2019 16:06

ДУШАНБЕ, 14.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси   Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи тарғиб ва баргузории барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пайғоми эҳё ба насли фардо — Ман ба шумо сулҳ меорам» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир гардид.

Дар он директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», доктори илми педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо ва кормандони китобхонаи мазкур иштирок намуданд.

Абдусалом Мирализода бо сухани ифтитоҳӣ ҳамоишро оғоз намуд.

Сипас, Мирзошоҳрух Асрорӣ ва намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо роҷеъ ба корномаи содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат роҳандозӣ шудаанд, маърӯза карданд.

Зикр шуд, ки тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Ҳарчанд дар мамлакат ҷашнҳои гуногуни миллию давлатӣ бо рамзу намод, анъана ва суннатҳои миллӣ хеле зиёданд ва сокинони мамлакат онҳоро ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд, аммо дар байни ин ҳама ҷашнҳо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мардуми шарифи мамлакати офтобиву шукуфоямон нақш ва мақоми хосса дорад. Зеро таҷлили шукӯҳманди ин санаи арзишманд моро водор ба он месозад, ки самимияту эҳтироми хосса ва арҷгузориҳои худро дар Рӯзи Президент ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намоем.

Дар охири ҳамоиш байни маърӯзачиён ва иштирокдорон  суолу ҷавоб сурат гирифт.

Ноябрь 14, 2019 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд