Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Директори Осорхонаи санъати тасвирии осиёии «Гиме» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Директори Осорхонаи санъати тасвирии осиёии «Гиме» Софи Макариу баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанги Франсия ва Сафорати Тоҷикистон дар Франсия ҳузур доштанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои тадорукотии баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи «Гиме» дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин ҳарду ҷониб ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинии муҳими муштараки илмию фарҳангӣ дар пойтахти Франсиямубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла имкониятҳои ҳамкории осорхонаҳои Тоҷикистон бо Осорхонаи «Гиме» матраҳ гардиданд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






