Мавқеи Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои марбут ба савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар 8-умин Мизи Мудаввари Чин муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 6 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 8-умин мизи мудаввари Чин баргузор гардид. Дар кори он мавқеи давлати моро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода оид ба “Ташаббусҳои муштарак ва ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)” ҳамчун шарҳдиҳандаи ҳамоиш муаррифӣ намуд.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои шомилшавии кишварҳо ба СУС, ташаббусҳои муштараки аъзо дар самти сиёсати савдо, ҳамгироии иқтисодӣ ва омодагӣ ба 12-умин Конфронси вазирони СУС, ки моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумхурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардиданд.
Дар ҳошияи ҳамоиш Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Орешкин ва муовини Директори кулли СУС Алан Волфф мулоқоти дуҷониба анҷом дода, масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодиву савдоро баррасӣ намуд.
«Мизи мудаввари Чин» ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, котиботи СУС ва яке аз кишварҳои узви ин созмон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ум то 5-уми июни соли 2015 мизбони баргузории “Сеюмин мизи мудаввари Чин” буд.









Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






