Таҳти раёсати Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид

Декабрь 27, 2019 17:02

ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ  медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур   муовини якуми Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯро Фаррух Ҳамрализода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷаласа гузоришҳо оид ба ҷараёни иҷрои Протоколи №6 ва 7-и Шӯрои мазкур оид ба рафти санҷишҳои гузаронидаи мақомоти санҷишӣ ва татбиқи қонунгузории мараторий ба санҷишҳо дар 9 моҳи соли равон, баррасии номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали субъектҳои хоҷагидор, номгӯи масъалаҳои назорати мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо барои соли 2020, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳод гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода  шуданд.

                                                                               АКСҲО аз бойгонӣ

 

Декабрь 27, 2019 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд