Туҳфаи солинавии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба кӯдакону наврасон
ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави 2020 бо дастгирии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳр дар кӯчаи Яҳё Мирфозилови минтақаи манзилии №3-и шаҳри Норак майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби бонувон намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзию зардӯзӣ, бофандагӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии майдонча намояндагони мақомоти иҷроия, шуъбаи корҳои дохилӣ, муассисаи манзилӣ-коммуналӣ ва варзишгарону сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки бунёди иншооти варзишӣ дар кӯчаю деҳаҳо воситаи беҳтарини ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар анҷоми маросим барои сокинон барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр манзур гардид.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






