Япония барои таҷдиди қариб 10 километр роҳи автомобилгарди «Душанбе-Бохтар» кумаки бебозгашт ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Япония барои таҷдиди қитъаи «Қизилқалъа-Бохтар»- и роҳи автомобилгарди «Душанбе-Бохтар» кумаки бебозгашт ҷудо менамояд. Дарозии роҳи таҷдидшаванда 9,2 километрро ташкил дода, паҳноии он аз ду хати ҳаракати мавҷуда бо назардошти васеъкунонӣ ба чор хат расонида мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласаи мазкур вакилони мардумӣ Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар»-ро муҳокима ва тасдиқ намуданд.
Оид ба масъалаи мазкур дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Вализода ва вакилони мардумӣ сухан карданд.
Зикр гардид, ки Созишномаи грантии мазкур 23 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
«Дар заминаи мувофиқа ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарӣ оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Бохтар ба шаҳри Душанбе бо Агентии ҳамкории байналмилалии Япония «JICA» ва дар қитъаи роҳ аз ҷониби шаҳри Душанбе ба шаҳри Бохтар бо Бонки Осиёгии Рушд ба роҳ монда шудааст», — гуфт Рустам Вализода.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо бо маблағгузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душане — Бохтар» дар ду марҳила мавриди татбиқ қарор дорад.
Агентии «JICA», — гуфт мавсуф, давоми солҳои 2017 ва 2018 бо сафарбаркунии коршиносони худ корҳои лоиҳакашӣ — ҷустуҷӯии қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизилқалъаро бо дарозии тақрибан 9,2 км (то наздикии пул аз болои дарёи Вахш) анҷом дода, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ омода намуд.
«Тибқи лоиҳа, роҳи мавҷуда бо дарозии 9,2 км пурра аз нав бо истифода аз технологияҳои замонавии сохтмонӣ аз сатҳи таҳкурсӣ то қисмати мошингузар бо назардошти васеъкунонии ду тасмаи ҳаракати вуҷуддошта ба чор тасма бо паҳноии аз 18 то 20 метр, гузаргоҳҳои пиёдагардон дар ҳафт мавзеъ, ҷойҳои гардиши воситаҳои нақлиёт дар ду мавзеъ, хобонидани ду қабат асфалти навъи такмилдодашуда (10 см, ҳар кадом 5 см), равшаникунонии роҳ бо дарозии чор километр, чароғакҳои роҳнамо дар ду чорроҳа ва дигар иншооти зарурӣ сохта мешавад»,- иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.
Ба гуфтаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ аз лаҳзаи баимзорасонии қарордод бо пудрачӣ 22 моҳро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳа тибқи шарту талаботи Агентии «JICA» ба роҳ монда шуда, интихоби ширкати машваратчӣ ва пудратчиро дар доираи ширкатҳои японӣ пешбинӣ менамояд. Инчунин пардохтҳои молиявӣ ба ширкати машваратӣ дар ҳудуди Япония анҷом дода мешаванд.
Бо назардошти пешбинӣ гардидани як қатор имтиёзҳо, — гуфта шуд дар ҷаласа, дар муқаррароти ёддоштҳои табодулӣ, аз ҷумла озод намудан аз андозҳо, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои молиявӣ санадҳои дахлдор бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.
«Яке аз шартҳои оғози корҳои сохтмонӣ иҷрои пурраи уҳдадории ҷониби Тоҷикистон доир ба масъалаҳои кӯчонидан мебошад, ки аз ин хусус дар санадҳои болозикр муқаррароти алоҳида оварда шудааст», — афзуд Рустам Вализода.
Гуфта шуд, ки тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи муайян ҷудо гардида, имрӯзҳо ба шахсони зимни татбиқи лоиҳа таъсирбинанда ҳамчун ҷубронпулӣ пардохт шуда истодааст.
«Вазорати нақлиёт татбиқи лоиҳаи мазкурро бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ менамояд», — афзуд муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф афзуд, ки зимни татбиқи лоиҳа молу маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда таври васеъ барои корҳои сохтмонӣ харидорӣ шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ ва шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин бевосита ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии минтақаи лоиҳавӣ оварда мерасонад.
«Баъди ба истифода додани роҳи автомобилгард хизматрасонии нақлиётӣ беҳтар гардида, фосилаи вақти интиқоли молу маҳсулоти зудвайроншаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ кам мегардад», — гуфт Рустам Вализода.
Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосия вакилони мардумӣ як зумра масъалаҳои дигарро муҳокима ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.








Ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур баргузор гардид
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир гардид
Оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ҷаласа доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия ҷаласа баргузор шуд
Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд






