Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» машғулияти чоррӯза доир менамояд

Январь 15, 2020 14:14

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ бо ташаббуси Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» барои  кормандони Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва фасилитаторон дар мавзӯи «Таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ дар асоси методологияи таҳсилот дар доираи салоҳият (МТАС)» машғулият оғоз гардид, ки то 17 январ идома меёбад.  Машғулиятро Мушовири байналмилалӣ оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ хонум Болорма Самдам дар якҷоягӣ бо кормандони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа мегузаронанд.  

Тавре аз  Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, мақсади  баргузории ин машғулият ба фасилитаторон омӯзонидани  таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти ҳар як касби коргарӣ, ки мутобиқи МТАС  таҳия шудаанд, мебошад.

Машғулият  ба ду қисмат ҷудо шудааст. Қисмати аввал ду рӯз идома ёфта, ба таълими модулӣ ва баҳодиҳӣ бахшида шуда,  дар он хусусиятҳо ва принсипҳои асосии таҳияи барномаҳои таълимӣ, мушкилоти таҳияи онҳо, инчунин намунаи сохтори барномаи таълимӣ дар асоси салоҳият баррасӣ мешаванд.

Дар қисмати дуюми  машғулият  иштирокчиён татбиқи барномаи таълимӣ дар асоси салоҳиятро меомӯзанд. Дар давоми  машғулият  иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, нақшаи таълимиро таҳия хоҳанд кард.

Пас аз анҷоми  машғулият фасилитаторон  пурра ба таҳияи барнома ва маводи таълимӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти 17 касби коргарӣ  шурӯъ мекунанд.

Бояд тазаккур дод,  ки дар доираи Лоиҳа стандартҳои салоҳияти 17 касби коргарӣ таҳия гашта,  пурра аз экспертизаи корфармоён ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ гузаронида шудаанд. Айни замон ҷараёни тарҷумаи 17 стандарти салоҳият ба забони давлатӣ оғоз гардида, пас аз анҷом онҳо  ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ  мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳа  ворид  намудани навоварӣ  дар методологияи тайёр намудани мутахассисони барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин,  лоиҳа барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва   марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита  омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.

Амалигардонии Лоиҳаро  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба уҳда дошта,  дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.

Январь 15, 2020 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад