Маслиҳати мутахассис: Яхобмонӣ аз муҳимтарин корҳои агротехникӣ ва нигоҳ доштани намӣ дар хок ба ҳисоб меравад

Январь 9, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Яхобмонӣ аз  муҳимтарин корҳои  агротехникӣ  ба ҳисоб рафта, он асоси нобуд кардани ҳашароти зараррасон ва нигоҳ доштани намӣ дар хок ба ҳисоб меравад.  Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми  солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба яхобмонӣ сухан карда, иброз намуданд, ки бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта,  дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов доир ба ин масъала зимни суҳбат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки бояд дар  соҳаи кишоварзӣ корҳои агротехникӣ дар вақт ва муҳлати зарурӣ гузаронида шаванд.

«Тавре мебинем,  зимистони имсола хеле гарм ва бебориш аст, аз ин рӯ  дар боғҳо гузарондани обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ хеле  зарур ва саривақтӣ мебошад. Новобаста аз он ки ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон гарм аст ё сард, бояд дар заминҳо обмонии захиравӣ гузаронида шавад.  Агар хоҷагидорон  обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт  гузаронанд,  дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз мекунанд»,- гуфт профессор Саидалӣ Гулов.

Ба зикри номбурда,  аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об  дар бехи дарахтон захира шуда,  касалиҳои хок ва ҳар гуна  ҳашарот нобуд  мешаванд.  Инчунин шӯрии  хок  кам шуда, сохти он   беҳтар мешавад ва замин хубтар нам мекашад.  Давраи  гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу  ба қафо партофта мешавад.

Яхобмонӣ  имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор  гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

«Корҳои   дигаре, ки иҷрои  онҳо  дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин  башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон,  ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ  мебошад”,- мегӯяд узви  вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Гулов.

Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, давраи яхобмонӣ шурӯъ аз охири моҳи ноябр то феврал гузаронида мешавад.

 

Январь 9, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид