Моҳипарварӣ. Дар Тоҷикистон парвариши ин маҳсулоти парҳезӣ рӯ ба афзоиш аст

Январь 21, 2020 13:25

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ  «Ховар»/. Тибқи иттилои  Агентии  омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019  дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  моҳипарварӣ ба  52,1 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта 31,2% зиёд мебошад. Айни замон  теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ  377 адад ва майдони  умумии ҳавзҳо  3 ҳазору 300 гектарро ташкил медиҳад.  Алҳол  дар ҳавз, кӯл ва обанборҳои мамлакат дар маҷмӯъ 65 намуди моҳӣ парвариш меёбанд. Аз моҳиҳои хушзоти ватанӣ 7 зот барои парвариш ва 13 навъ сайдшаванда мебошанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, бо такя ба иттилои масъулин маълумотро пешниҳоди хонандагон мегардонад.

Сардори КВД «Моҳии Тоҷикистон» Саттор Хайруллоев иброз дошт, ки амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» ва дигар  дастгириҳои Ҳукумати мамлакат  имкон фароҳам овард,  ки истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ ба маротиб афзун гардад. Намунаи равшани ин дастгирӣ он аст, ки  26 июни соли 2018  дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳии навъи «сазан» ва «амури сафед» сар доданд.

ДАР АКС: 30 марти соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фурӯши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷети хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Махсусан аз андоз озод гардидани хоҷагиҳои моҳипарварӣ  барои  рушди соҳа нақши муҳим  гузошт. Аз ҷумла,  соҳибкорон  имкон пайдо намуданд, ки ҳавзҳои нави моҳипарварӣ бунёд намоянд. Соли 2019 сайдгирии моҳӣ дар тамоми ҷумҳурӣ  2749,3 тонна, аз ҷумла дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон — 2236,3 тонна, вилояти Суғд — 369,9 тонна ва ВМКБ — 48,1 тоннаро ташкил додааст. Ҳаҷми умумии навъҳои асосии моҳиро инҳо ташкил медиҳанд:  моҳии пешонағафс —  547,4, зағорамоҳӣ— 179,5, гулмоҳӣ 42,2,  амури сафед — 233,1  ва обгун — 28,5 тонна.  Навъҳои дигари моҳӣ  аз  1718, 6  тонна иборат мебошанд,-афзуд номбурда.

Соли гузашта  барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  дар хоҷагии деҳқонии «Ҳабибамоҳ» — и шаҳри Кӯлоб коргоҳи тавлиди моҳича (инкубатсия) бо таҷҳизоти навтарин мавриди истифода қарор гирифт.

Мояи хушҳолист, ки дар обанбори ноҳияи Муъминобод низ моҳипарварӣ равнақ меёбад. Обанбори мазкур ҳанӯз соли 1959 барои обёрии заминҳои кишти ноҳияҳои Муъминободу Кӯлоб ва Восеъ бунёд гардида, иқтидори лоиҳавии он  30 миллион метри мукааб обро ташкил медиҳад. Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии тоҷик” вобаста ба шароиту имконот ба ин обанбор барои парвариш дар марҳилаи аввал моҳичаҳоро равона сохтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки зимни сафари корӣ  ба ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон баҳри истифодаи самараноки обанбор ва  ба роҳ мондани  парвариши моҳӣ дар он супориш доданд. Бо ин мақсад ба обанбори мазкур 700 ҳазор моҳича оварда шуд.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, вобаста ба иқлими минтақа дар обанбори мазкур парвариши се намуди моҳӣ, аз ҷумла, пешонасафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед ба роҳ монда шудааст.

Соли 2020 дар обанбори мазкур се баробар зиёд моҳича парвариш карда мешавад, ки он  ба паст рафтани  нархи ин маҳсулот ва фаровон гаштани он  дар бозору марказҳои савдои  мамлакат мусоидат  хоҳад  кард.

Бояд тазаккур дод, ки  хоҷагиҳои зотпарварии КВД «Моҳии Тоҷикистон» — ҶСК «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва  ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қариб тамоми хоҷагиҳои моҳипарварии мамлакатро бо моҳичаю кирминамоҳичаҳо таъмин менамоянд. Соли гузашта бо ҷалби сармоягузории ватанӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритуз, Дӯстӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ коргоҳҳои тавлиди кирминамоҳича бунёд ёфтанд, ки ҳоло 9  ададро ташкил медиҳанд.

Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 18 — 20 миллион кирминамоҳича гирифта мешуд,   соли  гузашта  ин теъдод    беш аз 100 миллионро ташкил дод.  Баробари ин, аз вилояти Краснодари Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ барои такрористеҳсолкунӣ, парвариш ва зиёд намудани шумора 25 миллион кирминамоҳичаи намудҳои амури сафед, карпи оинагӣ ва гибриди он, пешонапаҳни ало оварда, ба хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки хоҷагиҳои моҳидории «Аквапарк», «Форел» — и шаҳри Ваҳдат, «Абдураҳмон», «Исмоил», «Ҳабибамоҳ» — и шаҳри Кӯлоб, «Форел» — и шаҳри Турсунзода, «Суғд — моҳӣ» — и шаҳри Гулистон, «Парваришгоҳи моҳии хушзот» — и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули Сурх» — и ноҳияи Дӯстӣ, «Чубек» — и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва «Рухшона» — и ноҳияи Ашт дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ саҳми назаррас доранд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ даҳҳо кӯлу ҳавзҳои сунъӣ ва рӯдхонаву обанборҳо мавҷуданд, ки барои ташкил ва  рушди соҳаи моҳидорӣ заминаи хуб мебошанд. Ҳоло дар вилоят 12 хоҷагии моҳипарварӣ  фаъолият карда, ҳамасола дастурхони мардумро бо  ин ғизои муфид ба қадри имкон таъмин месозанд.

Бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Аквопорс» ва соҳибкори ватандӯст Алиҷон Раҷабов дар шаҳри Ваҳдат сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки моҳӣ идома дошта, соли равон  ба истифода супурда мешавад. Корхона дар як басти корӣ беш аз 1000 тонна маҳсулоти хӯроки моҳӣ тайёр мекунад.

Рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети  мамлакат даромади калон меорад. Мувофиқи маълумоти олимону мутахассисон, моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридоранд.  Тибқи иттилои  масъулини   Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта гулмоҳии амударёии Тоҷикистон бо сипосномаи ширкати байналмилалии «Slow Food» қадрдонӣ шуд.

«Бояд гуфт, ки моҳии амударёӣ бо лаззату тамъи худ ҳамто надошта, қаблан низ сазовори «Ситораи тиллоӣ» дар шаҳри Женева гардида буд. Ин омил метавонад диққати садҳо ҳазор сайёҳону меҳмононро ба Тоҷикистон ҷалб намояд», — тазаккур доданд масъулини Кумитаи рушди сайҳӣ.

Барои таъмини пурраи аҳолии ҷумҳурӣ бо гӯшти моҳӣ дар як сол 85 ҳазор тонна моҳӣ басанда аст. Таркиби гӯшти моҳӣ дорои витаминҳои барои инсон даркорӣ мебошад ва олимони Институти хӯроквории Академияи илмҳои тиббии ҷумҳурӣ давоми сол ба ҳар нафар истеъмоли 23 килограмм гӯшти моҳиро тавсия медиҳанд.

Агар мушкилиҳои  соҳа бартараф ва имкониятҳои моҳипарварӣ дар мамлакат — обанборҳою заминҳои ғайрикишоварзӣ самаранок истифода шаванд, дар ҷумҳурӣ соле беш аз 100 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол мегардад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Январь 21, 2020 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷопон хостори тақвияти ҳамкории байнибонкӣ бо Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории СММ масъалаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар соли 2026 баррасӣ шуд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар соҳаи саноат баррасӣ шуд
Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Доир ба муаррифии ҷашнҳои миллӣ тавассути ВАО ва саҳифаҳои иҷтимоии блогерон вохӯрӣ баргузор шуд
Рушди ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар Осака доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба фурӯш баровард
Дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ» таҳия мегардад
Ширкати фаронсавии EDF дар дарёи Зарафшон корҳои омӯзишӣ мегузаронад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳким меёбад