Раиси ноҳияи Шуғнон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатии Хоруғ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии ВМКБ 13 январ Конференсияи ғайринавбатии якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Ишкошим, ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ доир гардид.
Дар конференсия 117 вакил иштирок намуд.
Дар кори он раиси ҳавзаи интихоботии Хоруғ №41 Маҳмадризо Алимшоев (ноиби ректори ДДХ ба номи М.Назаршоев), вакилон ва фаъолон иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи конференсия масъалаи пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Хоруғ №41 баррасӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки дар асоси моддаи 31-уми Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси номояндагон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи мақомоти шаҳрӣ, ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар пленумҳои (конференсияи) онҳо бо зикри ҳавзаи интихоботӣ, ки номзадашон пешбарӣ мешавад, сурат мегирад.
Номзадии Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатии Хоруғ №41 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






